casino malaysia
casino malaysia
Семинари илмӣ-методологӣ    

wrapper

  16 феврали соли 2021 бо ташаббуси Шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ  семинари илмӣ-методологӣ баргузор гашт. Доктори илмҳои фалсафа,профессор Хуршед Зиёӣ дар назди иштирокчиёни ин ҷамъомади илмӣ - муҳаққиқони илмҳои фалсафа ва олимони ҷомеашинос  дар мавзуъи “Озодандешӣ дар тасаввуф”   суханронии пурмуҳтаво намуданд.Дар  раванди  ин семинари илмӣ-методологӣ, иштирокчиёни он дар атрофи   маърӯзаи илмии профессор Хуршед Зиёӣ мубоҳиса намуда, дар бораи  аҳамияти мероси тасаввуф дар муқовимат ба таассуб ва хурофот, ифротгароии динӣ дар шароити имрӯза фикру мавқеи худро баён намуданд.
   Матни пурраи суханронии Хуршед Зиёӣ дар   семинари номбаршуда барои   муҳаққиқони масоили озодандешӣ дар фалсафаи тоҷик ва умуман  ҳавасмандон пешниҳод мешавад:
  
ОЗОДАНДЕШӢ ДАР ТАСАВВУФ
 
Хуршед Зиёӣ
доктори илми фалсафа, профессор, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
  Озодандешӣ ё озодфикрӣ (свободомыслие, freethinking, тафкири ҳур ё солим) дар илму фарҳанг, чунонки маълум аст, ба маънии доштани андешаи аз ҳар гуна қайду банди динию мазҳабӣ, сиёсию миллӣ, синфию табақавӣ озод истифода бурда мешавад. Ин мафҳум ба таассуб ва ихтилофҳои гуногуни динию мазҳабӣ комилан зид ва оштинопазир аст. Озодандешӣ ифодакунандаи ақидаҳое мебошад, ки арзишҳои волои маънавӣ ва ғояҳои пешқадами иҷтимоию сиёсиро дар бар мегиранд. Мардуми озодандеш доимо барои рушду нумўи илму фалсафа ва пешрафти ҷомеа мубориза бурдаанд. Дар дин бошад, ба эътирофи муҳаққиқони муосир, маҳз пазируфтани ақл ҳамчун раҳнамои зиндагӣ ва истифодаи васеи он ҷанбаи мусбат ва муфиди озодандешӣ маҳсуб мегардад.
  Дар ин росто бояд таъкид намуд, ки дар даврони шўравӣ нишонаи нахустини озодандешӣ ҳамон амали паямбару котиби ваҳйҳои ўро мисол меоварданд. Дар таърихи илму фарҳанги тоҷик низ ҷараёнҳои озодандешӣ ҳанўз аз ибтидои пайдоиши ислом, хусусан дар фалсафа ва адабиёт хеле зиёд вуҷуд доштанд. Тасаввуф ё ирфонро низ дар баъзе ҷанбаҳояш як равияи озодандешӣ ҳисобидан имкон дорад. Беҳуда нест, ки пайдоиши тасаввуфро дар ибтидои зуҳури он ба сифати як падидаи иҷтимоӣ ҳамчун эътирози як қатор мутафаккирони мусулмон аз ҳокимони вақт ва аз дини омиёнаи ислом ҳисобидаанд.
  Дар бораи пайдоиши тасаввуф сухан ронда, баъзе мутафаккирон, аз ҷумла олими мутасаввифи ҳиндӣ Ҳазрати Иноятхон (1882-1927) дар ин ақидаанд, ки тасаввуф ба ягон дин рабт надошта, «ҳеҷ гоҳ оғоз надошт ва ҳеҷ гоҳ ҳамчун зуҳуроти таърихӣ ба вуҷуд наомадааст, вай ҳамеша вуҷуд дошт, зеро нур ҳамеша моҳияти ботинии инсон буд». Муҳаққиқи муосири рус Лавский В.  бошад, мегўяд: «Ба он нигоҳ накарда, ки сўфияро саҳван мазҳаби мусулмонӣ ҳисоб мекунанд, онҳоро дар ҳама динҳо вохўрдан мумкин аст… Тасаввуф ранги шарқӣ гирифтааст, зеро муддати дарозе дар чорчўби ислом вуҷуд дошт, аммо сўфии ҳақиқиро чи дар Ғарбу чи дар Шарқ дучор шудан мумкин аст, вай метавонад генерал, деҳқон, тоҷир, адвокат, муаллими мактаб, соҳибхоназан ва умуман, ҳар касе хоҳӣ, бошад». Мутафаккир ва шоири машҳури тоҷик Мавлоно Ҷалолуддин Румии Балхӣ низ низ ба ҳамин маънӣ дар замони худ гуфта буд:
  Чист меъроҷи фалак? Ин нестӣ,
  Ошиқонро мазҳабу дин нестӣ.
Дар ҳар сурат бояд қайд намуд, ки тасаввуф аз Қуръон, ҳадис ва дигар унсурҳои ислом истифода кардааст. Бо вуҷуди ин, равияҳои зиёди тасаввуфӣ, хусусан дар марҳилаҳои аввали рушди он, ба сабаби аз нигоҳи худ тафсир кардани аҳкоми исломӣ, то андозае ифодакунандаи афкори мухолифи ин дин гардиданд. Аз ин рў ҳокимони замон ва рӯҳониёни мутаассиб аксарияти аҳли тасаввуфро таҳти таъқиб қарор додаанд. Дар натиҷаи ин дар соли 922 Ҳусайн ибни Мансури Ҳаллоҷ кушта шуд, соли 1191  Шиҳобиддини Сӯҳравардӣ дар зиндон ба қатл расид ва ғайра.
  Аз таърихи тасаввуф бармеояд, ки он ба тамоми Хуросон ва Мовароуннаҳр дар асри ХI паҳн гардид. Баъд аз истилои муғул дар асри ХIII бошад, бо сабаби тарс аз олами атроф олимону адибон ба олами ботинии инсон рў оварданд, ки боз ҳам боиси рушди тасаввуф шуда, дар шакли пўшида ақидаҳои мухолифи идеологияи давлатдорон ва ислом хеле зиёд баён гардиданд.
Боиси тазаккур аст, ки тасаввуф мактаби якранг нест. Дар дохили он равияи гўшанишинон - зўҳд (зоҳидон), покманишон, озодагон (обидон) ва «гностикҳо» (орифон ё ирфон)-ро ҷудо мекунанд. Зоҳидон ба канораҷўӣ ва гўшанишинӣ майл доранд, ки онро ҳатто аҳли ирфон қабул надоранд. Аз ҷумла, дар бораи зўҳд андеша карда, орифи машҳур Шамси Табрезӣ канораҷўӣ аз ҷамоатро намеписандад ва зўҳди зоҳириро инкор карда, ба зўҳди ботинӣ ҳидоят мекунад. Мутафаккир қиссаву ривоётро дар бораи зоҳидони канораҷуста мисол оварда, чунин хулоса мекунад: "Зоҳиде буд дар кўҳ. Ў кўҳӣ буд, одамӣ набуд… одамиро бо санг чӣ кор? Миён бош ва танҳо, дар хилват бош ва фард бош… Зан бихоҳ ва муҷаррад бош, яъне ба дил аз ҳама ҷудо ва мубарро аз ҳама».
  Дар хусуси обидони мутасаввиф сухан гуфта, бояд таъкид намуд, ки онҳо таълимоти мустақили худро надошта, кам аз доираи шариат берун рафтаанд.
Ба ҳамин тариқ дар тасавуф ирфон равияи асосист. Ирфон (аз забони арабӣ - “донистан”, “шинохтан”) ин ҷараёни динию фалсафиест, ки ба воситаи кашфу шуҳуд, бе иштироки ақлу идрок ба ҳақиқат, асосан ба моҳияти Худо сарфаҳм рафтанро мефаҳмонад. Унсурҳои ирфониро дар аксари таълимоти динию фалсафии Шарқу Ғарб, ба монанди браҳмания, конфусийчигӣ, пифагореизм, афлотуния ва навафлотуния, масеҳият, ислом ва ғайра дучор омадан мумкин аст.
Ирфон ё мистика мавҷудияти ашёву зуҳуроти фавқуттабииро эътироф мекунад, вале ба эътибор бояд гирифт, ки ҳар гуна зуҳуроти фавқуттабиӣ танҳо дар шакли равонӣ, дар шуур вуҷуд доранд, на дар олами моддӣ. Таҷрибаи ирфонӣ ҳам танҳо маҳсули ҳолати ғайримуқаррарии шуур мебошад. Чунин таҷриба натиҷаи ғайриавтоматикунонии сохторҳои ба таври иерархӣ ҷойгиршудаи шуур аст, ки одатан энергияи таваҷҷуҳро ба сўи самаранокии ҳадди аксар дар расидан ба ҳадафҳои фард истифода мебарад. Ба ибораи дигар, таҷрибаи ирфонӣ ё мистикӣ танҳо идоракунии шуур барои расидан ба ҳадафҳои биологӣ ё равонӣ мебошад.
Ирфон ё мистика дар тамоми динҳои маълум ҳамчун миститсизм (аз юнонӣ – «сеҳрнок») низ зуҳур кардааст. Миститсизми ғарбӣ, масалан, таълимоти динӣ-фалсафиест, ки ҳамчун шакли махсуси фаҳмиш ва идроки олам ба эҳсосот, ҳадс ё интуитсия ва ирратсионализм ё роҳҳои ғайриақлонии маърифат такя мекунад. Ин равия муоширати бевоситаро бо Ҳақиқати мутлақ, Худо эътироф намуда, имконияти иттиҳодро бо Ў тасдиқ менамояд. Асоси миститсизми ғарбӣ, инчунин таълимоти ҳаммонанди он дар Шарқро, таҷрибаи ирфонӣ ташкил медиҳад, ки танҳо хосияти равонӣ дорад, на моддӣ.
  Ҳама гуна шаклҳои миститсизм аломату хосиятҳои якхела доранд: ба интуитивизм (ҳадс) ва символизм (рамзӣ будан) майл доранд, тамринҳои мухталифи равонӣ, психофизикӣ, медитатсияро барои расидан ба ҳолати муайяни ақл ва равони инсон мавриди истифода қарор медиҳанд. Ба миститсизми ғарбӣ дар олами Шарқ ҷараёнҳои тантризми ҳиндуия, буддоия ва ваҷраяну, инчунин каббала ва ҳосидияи яҳудия, инчунин тасаввуфи исломӣ шабоҳат доранд.
Тасаввуфи исломӣ шакли ирфон ё мистика ва миститсизм буда, ҳамаи пайравони ин ҷараён бар ин ақидаанд, ки ҳадафи он тоза кардани дил аз ҳавои нафс ва ахлоқи бад бо кимиёи ишқ буда, ба ин восита мушоҳидаи таҷаллии Маъшуқи азалӣ (Ҳаққ) дар ҳама мавҷудоти ҷаҳон ба даст меояд. Ба ибораи дигар, тасаввуф ҷараёни гуногуншакли мафкуравии динӣ-ирфонӣ ва фалсафиест, ки ҳадафи он бо роҳи кашфу завқ дарк намудани Ҳақиқати Кулл мебошад. Тасаввуф низ ба таҷрибаи мистикӣ такя мекунад, ки танҳо маншаи равонӣ, ирратсионалӣ дорад, на моддӣ ва ақлонӣ, ратсионалӣ.
  Ба ҳамин тариқ, аз равияҳои тасаввуфии зоҳидон ва обидон дида, ирфон дар тасаввуфи исломӣ бештар қобили таваҷҷуҳ аст. Файласуфи бузурги тоҷик Абўалӣ Ибни Сино, масалан, эътиқод дошт, ки зоҳидон ва обидон дар тасаввуф мақсадҳои ғаразнок дошта, гўё ки бо Худо як навъ тиҷорате доранд, яъне аз мо рафтори хуб ва аз шумо ҷой кардан дар биҳишт. Танҳо орифон дар тасаввуф ба маърифати ҳақиқат майл дошта, онро ваҳдати вуҷуд номидаанд. Тибқи маълумоти маъхазҳо Ибни Сино бо орифи замонааш Абу Саиди Абулхайр сўҳбат доштааст. Абу Саид гуфтааст, ки «Ҳар чӣ, ки ман мебинам, ў (Сино) медонад». Ибни Сино гуфтааст: «Ҳар чӣ, ки ман медонам, ў (Майҳанӣ) мебинад».
  Дар маҷмўъ мо бояд ба тасаввуф дар шакли ирфон таваҷҷуҳ дошта бошем. Вале дар ирфон низ ғайриилмияти зиёд, хусусан аз нигоҳи муосир мавҷуд аст. Масалан, дар монографияи Кароматулло Олимов «Тасаввуф дар Хуросон  ва Мовароуннаҳр дар асрҳои Х-ХII» як нигоҳи тозае ба тасаввуфи минтақа ва умуман ба таълимоти ирфонӣ дар Шарқ ба назар мерасад. Муаллиф дар рисолаи хеш асосан он ҷанбаҳои тасаввуфро мавриди баррасӣ қарор додааст, ки дархўри талаботи замони муосир мебошанд. Ҷанбаҳои манфии ин таълимоти фалсафию диниро низ муаллифи рисола ба хубӣ дарк мекунад ва аз ин рў изҳор доштааст, ки “ривоятҳову афсонапардозиҳои  иғроқомез  ва даъватҳо ба ҳаёти ғайрифаъол ва таваккули аз ҳад зиёд, ки дар мероси тасаввуфӣ ҷой доранд, ба ҳеҷ ваҷҳ дархури имрўз намебошанд ва ба ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва фаъол мусоидат намекунанд”.  Аз ин рў “мероси ирфонӣ барои тамаддуни муосир бо ақидаҳои сулҳофаринӣ, таҳаммулгароӣ ва бузургдошти қадру шарафи инсонӣ, қатъи назар аз мақоми иҷтимоӣ ва манзалати ў,  дорои аҳамият ва қобили  истифода  мебошад”. Барои мисол устод Кароматулло Олимов номи Аҳмади Ҷом Жандапилро зикр мекунад, ки бо озодандешӣ ва мубориза бар зидди беадолатии замони худ машҳур буда, ҳаёт, мерос ва ҷаҳонбинии ӯ дар Тоҷикистон то кунун қариб, ки омӯхта нашудааст.
  Бо вуҷуди равияи ғариратсионалӣ будан, дар тасаввуф, махсусан дар таълимоти орифон ба як қатор озодандешиҳо низ дучор меоем, ки дар поён якчанд аз онҳоро зикр мекунем. Ин озодандешиҳо дар ирфон дар шаклҳои ихтилоф бо ислом, бо таълимоти динии мутафаккирон ё муллоҳои алоҳида, бо ҷомеа, бо меъёрҳои мутаассибонаи ахлоқӣ ва ғайра ба мушоҳида мерасад.
Дар масъалаи фаҳмиши ҷавҳари таълимоти тасаввуфӣ мо бо андешаи устод Комил Бекзода розием, ки тасаввуфро як навъ материализми шармгинона ё содалавҳона номидаанд. Ин ба таълимоти пантеистии орифон робита дорад, ки онро баъзе муҳаққиқон чун “теологияи инкорӣ ё манфӣ” (“отрицательная теология”) қаламдод кардаанд. Теологияи манфӣ ё апофатикӣ дар тафовут аз теологияи катафатикӣ моҳияти Худоро тавассути сифатҳои инкорӣ мекушояд, аз ҷумла бениҳоят, бемарг ва ҳатто адам, нестӣ. Дар тасаввуф низ Худованд бечуну чигуна, ҳама ё ҳеҷ фаҳмида мешавад:
Ки нағунҷидам дар афлоку хало,
Дар уқулу дар нуфуси боуло.
Дар дили мўъмин биғунчидам чу зайф,
Бе зи чуну бе чӣ гуна, бе зи кайф
  Ин инкори сифатҳо ё асмои Худо, фаҳмиши моҳияти он ҳамчун виҷдон аст.
 Дар асоси пантезими орифон Худо ба як Ҳақиқати Мутлақи ғайришахсиятӣ, бе сифатҳои мушаххас табдил ёфтааст ва тезиси исломиро “Нест Худое ғайри худаш” ба тезиси “Нест чизе ғайри Худо” мубаддал гардонидааст. Ин нишонаи нахустини  озодандешӣ дар ислом аз ҷониби мутафаккирони самти ирфонӣ аст, зеро ҳама ва ҳеҷ бо ҳам ҳаммаъниянд.
Нишонаи дигари ин озодандешиҳо дар тафсири рамзию ташбеҳии дар ирфон қабулшуда зуҳур мекунад, ки таъвилро аз тафсиру тақлид фарсахҳо дур сохтааст. Ба ибораи дигар, орифон ба иҷтиҳод такя мекунанд, на ба тақлид. Дар фарҳанги мо мавзўи таъвил, тақлид ва иҷтиҳод хеле қобили таваҷҷуҳ аст. Тавре ки маълум аст, дар улуми динии исломӣ Қуръон ва ҳадисҳои паямбарӣ мавриди таъбиру таъвил ва рукнҳои таълимоти исломӣ бошад, мавриди тақлиду  иҷтиҳод қарор доштанд. Дар ин зимн таъбир маънии тафсиру шарҳи оятҳои қуръонӣ ва ҳадисҳоро дошт, ки барои фаҳмидани маънии онҳо нигаронида шуда буд. Таъвил бошад, нисбат ба таъбир амиқтар буда, усули ақлонӣ ва рамзию маҷозии шарҳу тафсири Қуръон ва ҳадисҳоро фаро мегирифт.
  Мафҳуми таъвил, ки аз калимаи «аввал» реша мегирад, ба маънии аввала ё ибтидоӣ расиданро дар тафсири ду манбаи муқаддаси дини ислом фаҳмонида, ҳам дар байни фақеҳон ва ҳам дар байни намояндагони фалсафаи расмии исломӣ - калом машҳур буд. Вале беш аз ҳама ба таъвил намояндагони тасаввуф ва исмоилия рў овардаанд. Дар мадди аввал ин ду мафҳум, яъне таъбиру таъвил ҳамчун усулҳои мусбат дар фаҳмиши моҳияти таълимоти динӣ ба назар мерасанд, вале дар асл онҳо маҳдудиятро пешбинӣ менамуданд. Ба ибораи дигар, на ҳар як шахси мусулмон ҳуқуқи мустақилона фаҳмидани таълимоти исломиро дошта, бояд дар таъбиру таъвили он ба шахсиятҳои муайян ва таълимоти онҳо такя мекард.
Тақлид, чунонки маълум аст, дар улуми исломӣ маънии пайравии комилро дар фаҳмиши масъалаҳои динӣ ба уламои ин соҳа бе пешниҳоди далелҳои исботкунанда дошта, ягон имкониятеро барои маърифати мустақилона ба шахс намедиҳад. Иҷтиҳод (аз калимаи «ҷаҳд» - саъю кўшиш) бошад, имконият фароҳам меовард, ки шахси иҷтиҳодкунанда ё кўшишкунанда дар фаҳмиши масъалаҳои динӣ манбаъҳои фиқҳию ҳуқуқӣ, баҳогузорӣ ба онҳо, усули исботнамоӣ, тарзи масъалагузорӣ ва амсоли онро мустақилона интихоб кунад. Албатта,  зимни он талаб карда мешуд, ки  иҷтиҳодкунанда забони арабӣ ва манбаъҳои исломиро ба хубӣ донаду бифаҳмад, Қуръон ва ҳадисҳоро аз бар намуда бошад, аз масъалаҳои фиқҳу ҳуқуқи исломӣ ба пуррагӣ бохабар бошад, усулҳои исботкунӣ, далеловарӣ ва таъбиру таъвил ва амсоли онро ба хубӣ донад. Дар маҷмуъ, иҷтиҳод ба пуррагӣ ба тақлид мухолифат дошта, як падидаи мусбате дар таърихи улуми исломӣ буд.
  Дар бораи иҷтиҳод сухан карда, зикр бояд намуд, ки моҳияти мусбати ондро дар фаҳмиши масъалаҳои динӣ эътироф карда, як қатор донишмандони тоҷик, аз ҷумла Мавлоно Ҷалолуддини Румии Балхӣ онро дар осори худ тараннум кардаанд. Мавлоно, масалан, вобаста ба маърифати ақлонии олам ба мавзўи таъвил, тақлид ва иҷтиҳод (интерпретатсия) дахл карда, таъкид намудааст, ки  ақли инсонӣ на танҳо қобили таъвили Қуръон, балки қобили таъвили хештан (ё худшиносӣ) низ ҳаст, ки он барои инсон дониши зиёде медиҳад. Тақлид, пайравии кўр-кўрона, иммитатсияро бошад, мутафаккир дар ҳама ҳолатҳо дар зери тозиёнаи танқид қарор додааст. Муқаллид ё тақлидкор аз назари ў монандаи карест, ки дар як ҳазл ду бор механдад – бори аввал дар қатори дигарон ба тақлиди онҳо ва бори дигар ба фаҳми худ, он вақт, ки бо гўши худ мешунавад ва ба иҷтиҳод, интерпретатсия мегузарад. Иҷтиҳод бо ақл барои Мавлоно сазовори тараннум аст. Тақлид комилан зидди иҷтиҳод буда, дар ҳар ду навъи худ – тақлид дар усул ва тақлид дар фурўъ қобили қабул нест. Ҳамин такя кардан ба ақл дар масъалаҳои динӣ ва пазируфтани он ҳамчун раҳнамои зиндагӣ нишонаи озодандешӣ дар ирфон аст.
  Чунонки мушоҳида мегардад, иҷтиҳод дар улуми исломӣ дар қарнҳои ибтидоии ташаккули ин дин як падидаи хеле мусбати маърифатӣ буд. Вале, мутаассифона, бо гузашти замон ва ташаккули пурра ёфтани чор мазҳаби асосии исломи суннӣ – ҳанафия, ҳанбалия, шофеия ва моликия, инчунин мактаби ҷаъфария дар исломи шиӣ,  сарнавишти иҷтиҳод хеле тира гардид. Аз таърихи ислом ба хубӣ маълум аст, ки дар асри ХI мактабҳои маъруфи иҷтиҳод, ки дар шаҳрҳои Макка, Мадина, Куфа, Басра, Бейрут, Димишқ ва дигар минтақаҳо фаъол буданд, рў ба нестӣ оварданд. Баъд аз ин иҷтиҳод манъ гардида, талаб карда мешуд, ки дар фаҳмиши масъалаҳои динӣ танҳо ба таълимоти гузаштагон такя карда шавад. Ин сафҳаи торики дини исломро, ки имкониятҳои маърифатии мусулмононро маҳдуд намуд, донишмандону муаррихони соҳа одатан чун «баста шудани дарҳои иҷтиҳод» қаламдод мекунанд. Ҳамзамон, қайд карда мешавад, ки ин маҳдудсозии иҷтиҳод сабаби асосии таназзули илм дар кишварҳои исломӣ гардид, ки то кунун ҳам идома дорад. Кушишҳое, ки аз ҷониби ислоҳотчиёни исломӣ ибтидо аз қарни XIX барои эҳёи иҷтиҳод андешида шуданд, натиҷаҳои мусбат надоданд. Ба ибораи дигар, манъ гаштани иҷтиҳод дар дини ислом, як зуҳуроти бузурги истиснои маърифатӣ гардид, ки олами исломиро садсолаҳо ба қафо кашида, исломро аз имкони ислоҳот гузаронидан тибқи талаботи замон маҳрум гардонд. Ҳол он, ки ҳатто худи паямбар даъвои ҳамадонӣ надоштааст ва ҳама вақт суханони ў бо ибораи “Валлоҳу аълам” хотима меёфтанд. Мутаассифона, ин ақибнишинии маҷбурии донишмандони исломӣ ба тамоми соҳаҳо, аз ҷумла ба рушди илм зарбаи маргборе зад, ки оқибатҳои нохуши онро то ҳол ҳам эҳсос мекунем.
  Дар баробари масъалаи иҷтиҳод дар ирфон мисолҳо аз озодандешии орифони ин ҷараён дар самтҳои дигар низ зиёданд. Дар поён чанд намунаеро аз онҳо зикр мекунем.
  Озодандешӣ дар мавзўи шариат: Орифон дар ин ақидаанд, ки ҳар кӣ ба зинаи ҳақиқат мерасад, дигар барои ў шариат зарур нест ва ҳама гуна ҳаром барои ў ҳалол маҳсуб мешавад. Вобаста ба ин, дар як ҳикояти овардаи Шамси Табрезӣ дар бораи марде сухан меравад, ки аз баҳси ду олим нафаҳмидааст, ки Худо бар арш аст ё не. Ба чунин мардон аз забони зане ў чунин маслиҳат медиҳад: "Агар бар арш аст ва агар бе арш аст, агар дар ҷояст, агар беҷояст, ҳар ҷо, ки ҳаст умраш дароз бод ва давлаташ поянда бод. Ту аз дарвешии худ андеш ва дарвешии хеш кун".
Озодандешӣ дар мавзўи ишқ:
Дар фаҳмиши орифон муҳаббат ба Худо ҳамон дуализми Логос ва Эросро ба хотир меорад (мабдаъи мардона ва мабдаи занона).
Озодандешӣ дар мавзўи намоз:
Ибни Ҳазм таъкид доштааст, ки орифон гоҳ ҳазор маротиба намоз мегузоранду гоҳ намоз намехонанд, ки ҳар ду ҳам бединӣ аст. Мавлоно дар ин самт мефармояд:
Бас накў гуфт он расули хушҷавоз:
«Зарраи ақлат беҳ аз савму намоз».
З-он ки ақлат ҷавҳар аст, ин ду араз,
Ин ду дар такмили он шуд муфтараз .
Озодандешӣ дар мавзўи ойинҳо:
  Муҳаққиқи рус С. Аверинтсев менависад, ки орифон «Амалҳои мамнуъи ахлоқию рўҳониро дар ойинҳои худ риоя накарда, онҳоро барои бунёди ҳолати шок ва транси психологӣ истифода мекарданд». Аз ҷумла самоъ дар тасаввуф аз ҷумлаи чунин амалҳо аст – бо ҳафт сураи барои намози омиён зарурӣ қаноат накарда, орифон щшеъру ғазал, мусиқию рақсро ба он ворид карданд. Вале қобили қайд аст, ки шакли гузаронидани самоъ дар давраҳои гуногун мухталиф будааст. Аз ҷумла, дар даврони Мавлоно ин рақси ирфонӣ ҳанўз шакли собитро надошт ва вобаста аз муҳит ва ҳозирбудагон – дар байни худи мавлавиён, дар ҳузури амалдорон ва ғ., бо тарзҳои гуногун сурат мегирифт. Суфиён даставвал хўрок истеъмол мекарданд, баъдан ба шеъру сурудхонӣ, ки мазмун ва оҳанги устуворе надоштанд, мегузаштанд, меҷаҳиданд, пой мекўфтанд, чарх мезаданд ва ғ. Муҳақиқи рус Гордлевский В.А. ҳатто маълумот дар бораи як шакли «хориқулоддаи» самоъ дар байни занон дода аст, ки он дар ҳузури худи Мавлоно гузаронида мешуд: «… «зикрҳо» - самоъҳои занона ҳам гузаронида мешуданд… Ба ин маҳфилҳо ба назди «шайхи занон» худи Ҷалолуддин меомад; занон дар гирди ў нишаста, ўро гулборон мекарданд ва ба баданаш атри садбарг мепошиданд». Ба ҳамин тариқ, бори дигар таъкид мекунем, ки самоъ медитатсия аст, ба ҷойи такрори ҳамарўзаи ҳафт сураи дар намози омиён истифодашаванда. Инҷо суханони А. Эйнштейн ба ёд меоянд, ки аз назари ў эътиқоди донишмандон аз эътиқоди омма тафовути бузурге дорад
Озодандешӣ дар образҳои шеърӣ:
  Дар ин масъала то ҳол ақидаи ягона вуҷуд надорад, ки образҳои бадеии адибони орифи мо маънии заминӣ доранд, ё осмонӣ. Ё худ онҳо маъниҳои ишқӣ-лирикиро дар ҳар ду самт кор фармудаанд. Шамси Табрезӣ тибқи маълумоти Аҳмади Афлокӣ  мегўяд,  ки Худо "ба сурате, ки мехоҳам, бар ман меояд, ин дам ба сурати Кимиё омада буд". Маъшуқ кист, май чист ва гайра.
Озодандешӣ дар мавзўи шайтон, иблис:
  Мавзўи ҳақ баровардани иблис низ аз нигоҳи орифон ба мавқеи исломи расмӣ таноқуз дорад. Аз ҷумла, Мавлоно мегўяд:
Бегунаҳ лаънат кунӣ иблисро,
Чун набинӣ аз худ он талбисро.
Нест аз иблис, аз туст, ай ғавӣ,
Ки чу рўбаҳ сўи дунба меравӣ .
  Дар ҳақиқат, ба қавли А. Зарринкўб «ин қавл ба эътизори иблис дар назди баъзе аз сўфия аз Ҳаллоҷ то ҳамасрони худи ў (Аҳмади Ғазолӣ – Х.З.) собиқа дорад». Вале дар ин ҷо қайд бояд намуд, ки муносибат ба иблис дар худи ислом баъзе таззодҳо дорад. Масалан, Саноӣ дар ин ҷода, ба андешаи устод. К. Олимов «моҳирона таззодҳои дохилии дини исломро мекушояд» ва мегўяд:
Дар роҳи ман ниҳод ниҳон доми макри хеш,
Одам миёни ҳалқаи он дом дона буд.
Мехост то нишонаи лаънат кунад маро,
Кард он чи хост, одами хокӣ баҳона буд.
Озодандешӣ дар мавзўи ваҳй:
  Дар ин мавзўъ суханони Мавлоно хеле нишонрасанд: «Муъмин чун ўро тамом имони ҳақиқӣ бошад, ў ҳамон феъл кунад, ки Ҳақ - хоҳӣ ҷазбаи ў бошад, хоҳӣ ҷазбаи Ҳақ.  Он чӣ мегўянд баъд аз Мустафо ва пайғомбарон ваҳй бар дигарон мунзал нашавад, чаро нашавад? Шавад, илло онро ваҳй нахонанд. Муъмин чун назар ба нури Худо мекунад, ҳамаро бубинад – аввалрову охирро, ғоиброву ҳозирро, зеро аз нури Худо чизе чун пўшида бошад? Ва агар пўшида бошад, он нури Худо набошад. Пас маънӣ ваҳй аст, агарчи онро ваҳй нахонанд».
Озодандешӣ дар мавзўи май:
  Масъалаи маю шароб низ то ҳол мавриди баҳсҳост, ки дар чунин суханон аз майи маънавӣ суъхан меравад ё навъи заминии шароб. Мавлоно аз ҷумла, мегўяд:
На ҳама ҷо бехудӣ шар мекунад,
Беадабро май чунон тар мекунад,
Гар бувад оқил  накўфар мешавад,
В-ар бувад бадхўй, бадтар мешавад.
Лек ағлаб чун баданду нописанд,
Бар ҳама майро муҳаррам кардаанд.
  Аҳмади Афлокӣ оварда, ки ба суоли "Май ҳалол аст, ё ҳаром?" ҷавоб гуфта, Мавлоно чунин овардааст, ки агар як қатра май ба ҳавз резад, оби онро ҳаром кунад ва агар ба баҳр резад, ҳеҷ таъсире надошта бошад. "Агар Мавлоно Шамсуддин менўшад, ўро ҳама чиз мубоҳ аст, ки ҳукми дарё дорад".
  Ё ривоят дар бораи марги Ҳофиз: рўзе ки Ҳофиз аз дунё рафт, бархе мардуми кўча монеъи дафни шоир мешаванд, ба ин далел ки ў шаробхўр ва бедин буда, набояд бар ин маҳалла дафн шавад. Донишмандони шаҳр бо ин масъала ба мухолифат бармехезанд, баъд аз гуфтугўи зиёд ва баҳси зиёд як нафар аз он миён пешниҳод мекунад, то китоби ўро биёранд ва фол бигиранд, ҳар чӣ омад, бад-он амал кунанд. Китоби шоирро ба дасти кўдаке медиҳанд ва ўкитобро боз мекунад ва ин ғазал намоён мешавад:
Айби риндон макун, эй зоҳиди покизасиришт,
Ки гуноҳи дигарон бар ту нахоҳанд навишт.
Ман агар некам, агар бад, ту бирав, худро бош,
Ҳар касе он даравад оқибати кор, ки кишт.
Ҳама кас толиби ёранд, чи ҳушёру чи маст.
Ҳама ҷо хонаи ишқ аст, чи масҷид, чи куништ.
Сари таслими ману хишти дари майкадаҳо,
Муддаӣ гар накунад фаҳми сухан, гӯ: сару хишт.
Ноумедам макун аз собиқаи лутфи азал,
Ту паси парда чӣ донӣ, ки кӣ хуб асту кӣ зишт?
На ман аз пардаи тақво бадар афтодаму бас,
Падарам низ биҳишти абад аз даст биҳишт.
Боғи фирдавс латиф аст, валекин, зинҳор,
Ту ғанимат шумур ин сояи беду лаби кишт.
Ҳофизо, рӯзи аҷал гар ба каф орӣ ҷоме,  
Яксар аз кӯйи харобот барандат ба биҳишт.
  Дар ин ҷо ба мавзўъ хотима гузошта, бори дигар андешаи устод Кароматулло Олимовро хотирнишон месозем, ки ривояту афсонаҳои иғроқомези тасаввуф ва ирфон,  даъватҳо ба ҳаёти ғайрифаъол, таваккулу беҳаракатӣ дархури замони муосир нестанд ва барои ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва фаъол халал мерасонанд. Аз ин рў мо бояд маҳз ақидаҳои сулҳофаринӣ, таҳаммулгароӣ ва бузургдошти қадру шарафи инсонӣ, ахлоқӣ, махсусан озодандешии намояндагони ирфонро мавриди истифода қарор диҳем.
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia